10.07.2025

Бунёдгузори пирамидаи молиявии «Рио-Хазуки» Шӯҳрат Айёмов дар шаҳри Душанбе боздошт шуд

Бунёдгузори пирамидаи молиявии «Рио-Хазуки» Шӯҳрат Айёмов дар шаҳри Душанбе боздошт шуд, хабар доданд дар маркази матбуоти ВКД.

Ин лоиҳа соли 2022 ташкил шуда буд — ҳар иштирокчӣ бояд 7000 сомонӣ месупорид ва 14 нафарро ба ин лоиҳа ҷалб мекард.

Айёмов дар тӯли се сол 5000 шаҳрвандро ба ин ташкилоти ғайриқонун ҷалб намуд. Ба маблағҳои ҷамъовардашуда вай амволи ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт мехарид.

Нисбати Айёмов бо моддаи қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.



Бозгашт